Задача Задача №3801114
А
А
Сверь числа и знаки с фото.
- Дар вақти сӯхтани 3 мол этилен (ш.м.) чанд литр оксиди карбон (IV) ҳосил мешавад?
- Ҳисоб кунед: а) аз 80 мл спирти этил, ки зичиаш 0,8 г/см³ мебошад, чанд литр ва чанд грамм этилен ҳосил мешавад; б) аз 50 м³ этилен (ш.м.) чанд литр ва чанд грамм спирти этил (ρ=0,8 г/см³) ҳосил кардан мумкин аст?
- Вақте, ки этиленро аз қабати бромоб гузарониданд, вазни зарфи бромобдор 21 г зиёд шуд. Дар ин ҳол чанд ҳаҷм этилен (ш.м.) фурӯ кашида шуд? Чанд грамм 1,2-дибромэтан ҳосил шуд?
- Барои ҳосил кардани миқдори зарурии пропилени, ки бо 316 грамм маҳлули 40%-и \(KMnO_4\) ба реаксия дохил мешавад, чанд грамм спирти пропил сарф мешавад?
- Барои ҳосил кардани 63 г оксиди этилен чанд ҳаҷм (ш.м.) этилен сарф мешавад, агар масрафи истеҳсолии этилен 10%-ро ташкил диҳад?
- Барои сӯзондани 100 л этилен чанд литр ҳаво (ш.м.) сарф мешавад?
Ҷавобҳо:
- \(V(CO_2)=2\cdot3\cdot22{,}4=134{,}4\) л.
- а) \(m(C_2H_5OH)=80\cdot0{,}8=64\) г; \(V(C_2H_4)=\frac{64}{46}\cdot22{,}4=31{,}17\) л; \(m(C_2H_4)=\frac{64}{46}\cdot28=38{,}96\) г.
б) \(m(C_2H_5OH)=\frac{50000}{22{,}4}\cdot46=102678{,}57\) г; \(V=\frac{102678{,}57}{0{,}8}=128348{,}21\) мл \(=128{,}35\) л. - \(n(C_2H_4)=\frac{21}{28}=0{,}75\) моль; \(V=16{,}8\) л; \(m(C_2H_4Br_2)=0{,}75\cdot188=141\) г.
- \(m(KMnO_4)=316\cdot0{,}4=126{,}4\) г; \(n=0{,}8\) моль; \(n(C_3H_6)=\frac32\cdot0{,}8=1{,}2\) моль; \(m(C_3H_7OH)=1{,}2\cdot60=72\) г.
- \(V(C_2H_4)=\frac{63}{44}\cdot22{,}4/0{,}9=35{,}63\) л.
- \(V(\text{ҳаво})=\frac{3\cdot100}{0{,}20}=1500\) л (бо 20% оксиген дар ҳаво).