Сверь числа и знаки с фото.
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО (16 – 17 августи 980 – 24 июни 1037) Абуалӣ ибни Сино яке аз абармардони илмҳои ҳикмат, мантиқ, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт, тиб, ҳайат, забон, улуми адабӣ ва фанни шеър на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб мебошад. Ин гуна касони фавқулодаро дар Машриқзамин «нобиға» ва дар кишварҳои ғарбӣ «гений» мегуфтанд. Дар феҳристи китобҳои ӯ, ки онро шогирди бовафояш Абуубайди Ҷузҷонӣ тартиб додааст ва ҳамроҳаш солҳои дароз то вопасин нафасҳояш буд, яксaду чиҳилу ҳашт номгӯй омадааст, ки бисёре аз онҳо ҳар як аз ду то бист-бисту як ҷилд иборат мебошад. Китоби машҳури ӯ дар илми тиб «Ал-Қонун фӣ-т-тиб» дар Италия аз тарафи Ҷерарди Кремонӣ дар соли 1180 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дувумин асарсет, ки пас аз китоби муқаддаси яҳудиён «Таврот» ба табъ расида буд ва то асри XVIII дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешуд. Имом Ғазолӣ (охири а. XI ва ибтидои а. XII) бо вуҷуди ихтилофи назаре, ки бо Ибни Сино дошт, мардонавор тан додааст, ки «ва ҳар киро муҷаллати (ҷилди) аввали «Қонун» маълум бошад, аз усули илми тиб ва куллиёти ӯ ҳеҷ бар ӯ пӯшида намонад, зеро ки агар Буқрот (Ҳиппократ) ва Ҷолинус (Ҳален) зинда шаванд, раво бувад, ки пеши ин китоб саҷда кунанд». Ибни Сино дар Ғарб бо номи «Авитсена» маъруф аст. Ӯ аз ҷумлаи он донишмандони беназири шарқист, ки дар рушд ва такомули андешаи илмии ғарбӣ нақши муассири бевосита дорад. Таъсири бобаракати таълимоти фалсафии Ибни Сино дар такомули ҷаҳонбинии андешамандони бузурги ғарбӣ, монанди Роҷер Бэкон, Сигери Брабантии Гундиславӣ, Петри Испанӣ, Ҳиноними (Вилҳелми) Овернӣ, Мосей Маймонид, Уилям Оккам, Дунс Скотт, Фома Аквинский, Спиноза, Данте ва дигарон ба исбот расидааст. Дар асри X дар шаҳри Шартри Фаронса мактаби фалсафие мавҷуд будааст, ки дар он аз ҷумла таълимоти Ибни Синоро
ташвиқ ва тарғиб менамуданд. Дар донишгоҳи Порис бо сардории Сигери Брабантӣ ҳавзаи илмие ба вуҷуд омада будааст, ки асарои Ибни Синоро ба лотинӣ бармегардонданд. Ба ивази ду китоби Абуалӣ ибни Сино ва як китоби Ҳален, ки дар китобхонаи яке аз кардиналҳои дарбори папаи Рим будааст, чунол пули калон додаанд, ки эҳтиёҷи касалхонаи шаҳри Монполеро (Фаронса) таъмин намудаанд. Шуҳрати Ибни Сино дар Аврупо ба дараҷае буд, ки рассоми бузурги Давраи Эҳё Микеланҷело эътироф намудааст, ки «Ҳален ва Авитсенаро тарафдорӣ карда, хато намудан беҳтар аст аз он ки дигаронро дастгирӣ карда ҳақ бошӣ». Данте – шоири машҳури итолиёӣ дар «Мазҳакаи илоҳӣ» Ибни Синоро дар қатори Суқрот, Афлотун, Арасту, Зенун, Уқлидус, Буқрот, Ҷолинус, Ибни Рушд ва чанде дигар аз доноён, Ҷосер дар «Ҳикояҳои Кентербери», Лопе де Вега дар мазҳакаҳояш ном бурдааст. Шиносоӣ бо «Рисолаи саргузашт», ки зиндагиномаи бозътимодтарини Ибни Сино мебошад ва аз забони худи ӯ онро шогирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ ҳамроҳ бо мушоҳидаҳои бевоситааш навиштааст, сарчашмаҳои тавонобии беназири ӯро дар илмҳои гуногун муайян месозад. Бинобар гуфтаи худи Ибни Сино, падараш марде буд аз аҳли Балх, ки дар рӯзгори Нуҳ ибни Мансур аз он ҷо ба Бухоро омад ва дар яке аз деҳаҳои бузурги он Хармайсон (ҳоло Рометан) бо корҳои девон машғул шудааст ва аз деҳаи Афшана, ки дар наздикии он буд, модарашро ба занӣ гирифтааст. Ибни Сино ва бародараш дар ҳамин деҳа ба дунё омадаанд. Онҳо баъдан аз он ҷо ба Афшана ва аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кӯчидаанд ва Ибни Сино назди муаллиме бисёре аз илмҳои адабиро ба таври шигифтовар аз бар карда будааст. Ибни Сино ҳамчунин аз омӯхтани илмҳои ҳисоби ҳиндӣ аз марде, ки сабзоват мефурӯхт, фиқҳ аз Исмоили Зоҳид, фалсафа аз Абуабдуллоҳи Нотилӣ нақл намудааст. Ибни Сино дар назди Нотилӣ, ки падараш ӯро дар ҳавлиашон ҷой дода буд, ба хондани китоби «Исоғуҷӣ» (Исагоре)-и файласуфи Юнони Қадим Порфирий Тир (232-304) доир ба мантиқ оғоз кардааст. Ҳар масъалаеро, ки муаллим ба ӯ зикр мекардааст, аз ӯ беҳтар тасаввур менамудааст ва ҷавобҳое медодааст, ки муаллимаш монандиро нашунида буд ва аз шогирди худ бисёр дар
ҳамин тавр, Сино аз рӯйи гуфтааш, чизҳои зоҳирии мантиқро назди Абуабдуллоҳи Нотилӣ, ки даъвогари фалсафа буд, хондааст, вале нозукиҳои онро мустақилона бо хондани китобҳо ва шарҳо аз худ карда, дар мантиқ тавоно шудааст. Чунончи, ӯ омӯхтани китоби Уқлидус (Эвклид), олим ва риёзидони Юнони Қалимро (а. 111 то мелодӣ) дар назди муаллим оғоз намуда, сипас ҳавли бақияи китобро ба уҳдаи худ гирифтааст. Вақте ки сипас ба омӯзиши китоби «Ал-Маҷистӣ» («Ал-Магестум»)-и риёзидон, ситорашинос ва ҷуғрофидони Юнони Қадим Клавдий Птоломей доир ба ҳайат гузаштааст ва аз муқаддамоти он фориғ шудааст, муаллимаш ба ӯ гуфтааст, ки «худат ба хондан ва ҳалли онҳо бипардоз ва сипас чизе хондаатро аз пеши ман гузарон, то дуруст ва нодурусти он ошкор созам». Сино ҳамин тавр кардааст. Вале аз сабаби он ки худи муаллимаш дар дарки ин китоб устувор набудааст, вай худ ба ҳалли масъалаҳои он шуруъ кардааст ва дар ин кор ба дараҷае пеш рафтааст, ки ба муаллимаш чандин шакли душвореро аз ин китоб нишон додааст ва фаҳмонидааст. Пас аз ба Гурганҷ (ҳоло Урганч) рафтани Абуабдуллоҳи Нотилӣ Сино ба омӯхтани китобҳои «Фусус-ул-ҳикам»-и Абунасри Форобӣ ва шарҳҳои табииёту илоҳиёти Афлотун ва Арасту машғул шудааст. Сипас Сино ба илми тиб рағбат кардааст ва ба хондани китобҳои тиббӣ рӯ овардааст ва дар андак муддат дар он ба дараҷае забардаст шудааст, ки донишмандони тиб илми тибро назди ӯ ба хондан оғоз кардаанд ва парастории беморонро низ ба уҳда гирифтааст. Дар ин ҳангом Сино ҳамагӣ шонздаҳсола будааст. Дар ҷавонӣ дар омӯзиши илмҳои гуногун ба ин пажоҳи баланд расиданашро Ибни Сино дар «Рисолаи саргузашт» равшан баён намудааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин муддат шабе пурра нахуфтааст ва рӯзона низ ба ҷуз омӯхтани илм ба кори дигаре машғул намешудааст. Ҳар гоҳ хоб бар вай ғалаба мекардааст ва ё сустӣ ҳис менамудааст, каме дам мегирифтааст, то неруяш барқарор гардад ва боз ба хондан машғул мешудааст. Боре Ибни Сино китоби Арасту «Мо баъд-ут-табиа» («Он чи баъди табиат аст»)-ро чиҳил бор такрор хондааст ва онро аз бар кардааст, валеки китоб ва мақсади муаллифи онро дуруст
нафаҳмидааст ва навмед шудааст, ки ин «китобро ба ҳеҷ рӯ фаҳмида намешавад». Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми аср дар миёни онҳое ҳозир будааст, ки китобҳоро саҳифабандӣ мекарданд ва даллоле дар даст як ҷилд китобе нидо медод. Даллол онро ба Сино намудааст ва ӯ онро ба сахтӣ рад кардааст, зеро бовар доштааст, ки дар ин илм суде нест. Даллол такроран ба ӯ хариданашро исрор намудааст ва гуфтааст, ки: «Инро аз ман бихар! Ба ту арзон мефурӯшам, ба се дирҳам. Соҳибaш ба баҳои он муҳтоҷ аст». Ибни Сино онро харидааст ва он китоби Абунасри Форобӣ «Фӣ ағрози (дар баёни) китоби «Мо баъд-ут-табиа» будааст. Сино ба хона баргашта, онро бошутоъ хондааст ва дарҳол ғаразҳои он китоб барояш кушода шудааст. Аз он шод шуда, рӯзи дигар барои сипосгузорӣ аз Худой ба бечорагон чизе бисёре садақа кардааст. Ҳамин заҳмати шабонрӯзӣ ва пайгирӣ ва ҷустуҷӯи ҳамешагӣ дар роҳи илму дониш буд, ки барои Сино дар ҷавонӣ ҳама чиз ошкор гардид. Ба дараҷае, ки ҳар китоб ё навиштаҷоте, ки ба он менигаристааст, муқаддимаҳои қиёсаш (муҳокимарониҳои мантиқӣ, силлогизмҳояш) барояш маълум мешудааст ва онҳоро дар зимни чизҳои ошкор ба тартиб медаровардааст. Баъд дар онҳо назар менамудааст, ки шояд натиҷа диҳанд ва ба шартҳои муқаддимаҳои он риоя мекардааст, то ки ҳақиқати он масъала ӯро ошкор мегардидааст. Сино навиштааст, ки «дере нагузашта, ман дар ҳамаи илмҳо тавоно шудам ва ба андозаи қудрати инсонӣ аз онҳо огаҳӣ доштам». Ҷузҷонӣ нақл кардааст, ки: «Рӯзе Шайх дар ҳуҷраи амир Алоуддавла нишаста буд ва Абумансури Ҷаббон, луғатшинос ва забондон ҳам ҳузур дошт. Дар забон масъалае пеш омад, ки Шайх ҳар чӣ ёдаш омад, дар ин бора гуфт. Абумансури Ҷаббон ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Дарвоқеъ, ту файласуф ва ҳаким ҳастӣ, вале дар забон ту чизе нахондаӣ, ки боиси қабули каломи ту бошад». Шайх аз ин сухан ба қаҳр омада, ба омӯхтани китобҳои луғат машғул шуд ва дар забон бар пояе расид, ки мисли он кам иттифоқ меафтад. Ӯ се қасида иншо карда, дар зимни онҳо лафзҳои дар луғат камёфтро ба кор бурд ва се китоб навишт: яке ба равиши Ибни Амид, дигаре ба равиши Соҳиб ва севум ба равиши Собӣ.
фармуд, ки онҳоро дар муқоваҳои куҳнаи калимнома ҷилд кунанд. Ва амир маслиҳат дод, ки ин ҷилдҳоро ба Абумансури Ҷаббон бинамояд ва бигӯяд, ки онҳоро ҳамин олим шикор аз саҳро ёфтем. Ту онҳоро бидани ба мо бигӯ, ки дар онҳо чист? Абумансур пай мебарад, ки рисолаи аз таснифоти Шайх аст ва ҷавоб ба он ҳамлаест, ки он рӯз бар дасти вай карда буд. Пас, пушaймон шуд ва бахшиш пурсид. Ибни Сино дар луғат китобе навишта, онро «Лисон-ул-араб» ном ниҳод, ки мисли он дар ин фан тасниф нашудааст. Таъкиди донишманд дар бораи он ки ҳар чӣ дар ҳангоми ҷавонӣ омӯхтааст, «ҳамон аст, ки ҳанӯз медонам ва то имрӯз бар он чизе наафзудааст», бисёр муҳим мебошад ва ба мо сабак медиҳад, ки илму донише, ки дар ҷавонӣ омӯхта мешавад, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Ибни Синои ҷавон аз бисёр хондан дар миёни пизишкони дарбори Нуҳ ибни Мансур машҳур будааст, бинобар ин вақте ки подшоҳи Бухороро беморие пеш меояд ва онро дар илоҷи он оҷиз мемонанд, ӯро ба дарбор даъват мекунанд. Сино дар муолиҷаи амири Сомонӣ ба пизишкон ҳамкорӣ менамояд ва ба ҳамин восита ба хидмати вай номзад мешавад. Рӯзе аз амир иҷозат пурсида, ба китобхонааш роҳ меёбад ва ба омӯхтани китобҳои тиб мепардозад. Мувофиқи гуфтаҳои Ибни Сино, китобхонаи амир хонаҳои бисёре дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър (улуми адабӣ), дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр, дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Китобхонаи амир феҳристи китобҳои пешниёно низ доштааст ва Сино аз рӯйи он чиро, ки ба он ниёз доштааст, ёфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар он ҷо китобҳоеро дидааст, ки бисёр касон ҳатто номашонро нашунидаанд. «Ман, – мегӯяд Сино, – онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидаам. Он китобҳоро хонда судҳо бурдам ва андозаи дониши ҳар мардро шинохтам». Ҷузҷонӣ шаҳодат медиҳад, ки: «Боре надидам, ки агар китоби наве ба дасташ афтад, онро аз як сар мутолиа кунад, балки чойҳои душвору масъалаҳои мушкили онро кофта медид, ки муаллифи он дар ин бора чӣ гуфтааст ва бо ҳамин мартабаи ӯро дар илму дараҷаашро дар фаҳм маълум мекард».
На фото нет задания — это страницы книги с текстом биографии Авиценны на таджикском языке. Уточните, что именно нужно сделать с этим текстом (например, перевести, пересказать или ответить на вопросы, если они есть на других страницах).