Сверь числа и знаки с фото.
ташвиқ ва тарғиб менамуданд. Дар донишгоҳи Парис бо сардо- рии Сигери Брабантӣ ҳавзаи илмие ба вуҷуд омада буд, ки асарҳои Ибни Синоро ба лотинӣ бармегардонданд. Ба ивази ду китоби Абуалӣ ибни Сино ва як китоби Ҳален, ки дар китобхӣ- наи яке аз кардиналҳои дарбори папаи Рим будааст, чунки пули калон додаанд, ки эҳтиёҷи касалхонаи шаҳри Монпелеро (Фа- ронса) таъмин намудаанд. Шуҳрати Ибни Сино дар Аврупо ба дараҷае буд, ки рассоми бузурги Давраи Эҳё Микеланҷело эъти- роф намудааст, ки «Ҳален ва Авитсенаро тарафдорӣ карда, хато намудан беҳтар аст аз он ки дигаронро дастгирӣ карда ҳақ бошӣ». Данте—шоири машҳури итолиёӣ дар «Мазҳакаи илоҳӣ» Ибни Си- норо дар қатори Суқрот, Афлотун, Арасту, Зенун, Уқлидус, Буқрот, Ҷолинус, Ибни Рушд ва чанде дигар аз доноён, Ҷосер дар «Ҳикояҳои Кентерберӣ», Лопе де Вега дар мазҳакаҳояш ном бурдааст. Шинносӣ бо «Рисолаи саргузашт», ки зиндагиномаи бозъ- тимотдории Ибни Сино мебошад ва аз забони худи ӯ онро шо- гирдаш Абуубайди Ҷузҷонӣ ҳамроҳ бо мушоҳидаҳои бевоситааш навиштааст, сарчашмаҳои тавонои беназири ӯро дар илмҳои гу- ногун муайян месозад. Бинобар гуфтаи худи Ибни Сино, падараш марде буд аз аҳли Балх, ки дар рӯзгори Нуҳ ибни Мансур аз он ҷо ба Бухоро омад ва дар яке аз деҳаҳои бузурги он Хармайсон (ҳоло Рометан) бо корҳои девои машғул шудааст ва аз деҳаи Афшана, ки дар наз- дикии он буд, модарашро ба занӣ гирифтааст. Ибни Сино ва ба- родараш дар ҳамин деҳа ба дунё омадаанд. Онҳо баъдан аз он ҷо ба Афшана ва аз он ҷо ба шаҳри Бухоро кӯчидаанд ва Ибни Сино назди муаллиме бисёре аз илмҳои адабиро ба таври шигифтовар аз бар карда будааст. Ибни Сино ҳамчунин аз омӯхтани илмҳои ҳисоби ҳиндӣ аз марде, ки сабзавот мефурӯхт, фиқҳ аз Исмоили Зоҳид, фалсафа аз Абуабдуллоҳи Нотлик нақл намудааст. Ибни Сино дар назди Нотлик, ки падараш ӯро дар ҳавлиашон ҷой дода буд, ба хондани китоби «Исогуҷӣ» (Исагоре)-и файласуфи Юно- ни Қадим Порфирий Тир (232-304) доир ба мантиқ оғоз кардааст. Ҳар масъалаеро, ки муаллим ба ӯ зикр мекардааст, аз ӯ беҳтар тасаввур менамудааст ва ҷавобҳое медодааст, ки муал- лимаш монандашро нашунида буд ва аз шогирди худ бисёр дар шигифт мешудааст. 128
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО (16 – 17 августи 980 – 24 июни 1037) Абуалӣ ибни Сино яке аз абармар- дони илмҳои ҳикмат, мантиқ, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт, тиб, ҳайат, забон, улу- ми адабӣ ва фанни шеър на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб мебошад. Ин гуна касони фавқулоддаро дар Машриқзамин «нобиға» ва дар кишварҳои ғарбӣ «ге- ний» мегуфтанд. Дар феҳристи китобҳои ӯ, ки онро шогирди бовафояш Абуубай- ди Ҷузҷонӣ тартиб додааст ва ҳамроҳаш солҳои дароз то вопасин нафасҳояш буд, яксaду чиҳилу ҳашт номгӯӣ омадааст, ки бисёре аз онҳо ҳар як аз ду то бист-бисту як ҷилд иборат мебошад. Китоби машҳури ӯ дар илми тиб «Ал-Қонун фӣ-т-тиб» дар Итолия аз та- рафи Ҳерарди Кремонӣ дар соли 1180 ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дувумин асарсет, ки пас аз китоби муқаддаси яҳудиён «Тав- рот» ба табъ расида буд ва то асри XVIII дар донишгоҳҳои ғарбӣ ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешуд. Имом Ғазолӣ (охири а. XI ва ибтидои а. XII) бо вуҷуди ихти- лофи назаре, ки бо Ибни Сино дошт, мардонавор тан додааст, ки «ва ҳар киро муҷаллади (ҷилди) аввали «Қонун» маълум бошад, аз усули илми тиб ва куллиёти ӯ ҳеҷ бар ӯ пӯшида намонад, зеро ки агар Буқрот (Ҳиппократ) ва Ҷолинус (Ҳален) зинда шаванд, раво бувад, ки пеши ин китоб саҷда кунанд». Ибни Сино дар Ғарб бо номи «Авитсена» маъруф аст. Ӯ аз ҷумлаи он донишмандони беназири шарқист, ки дар рушд ва та- комули андешаи илмии ғарбӣ нақши муассири бевосита дорад. Таъсири бобаракати таълимоти фалсафаи Ибни Сино дар тако- мули ҷаҳонбинии андешамандони бузурги ғарбӣ, монанди Роҷер Бэкон, Сигери Брабантии Гундиславӣ, Петри Испанӣ, Ҳиноними (Вилҳелми) Овернӣ, Мосей Маймонид, Уилям Оккам, Дунс Скотт, Фома Аквинский, Спиноза, Данте ва дигарон ба исбот ра- сидааст. Дар асри Х дар шаҳри Шартри Фаронса мактаби фалса- фие мавҷуд будааст, ки дар он аз ҷумла таълимоти Ибни Синоро 127
Ҳамин тавр, Сино аз рӯйи гуфтааш, чизҳои зоҳирии мантиқро назди Абуабдуллоҳи Нотлик, ки даъвогари фалсафа буд, хонда- аст, вале нозукиҳои онро мустақилона бо хондани китобҳо ва шарҳҳо аз худ карда, дар мантиқ тавоно шудааст. Чунончи, ӯ омӯхтани китоби Уқлидус (Эвклид), олим ва риёзидони Юнони Қадимро (а. 111 то мелодӣ) дар назди муаллим оғоз намуда, сипас ҳалли бақияи китобро ба уҳдаи худ гирифтааст. Вақте ки сипас ба омӯзиши китоби «Ал-Маҷистӣ» («Ал-Магестум»)-и риёзидон, ситорашинос ва ҷуғрофидони Юнони Қадим Клавдий Птолемей доир ба ҳайат гузаштааст ва аз муқаддамоти он фориғ шудааст, муаллимаш ба ӯ гуфтааст, ки «худат ба хондан ва ҳалли онҳо би- пардоз ва сипас чизи хондаатро аз пеши ман гузарон, то дуруст ва нодурусти он ошкор созам». Сино ҳамин тавр кардааст. Вале аз сабаби он ки худи муаллимаш дар дарки ин китоб устувор на- будааст, вай худ ба ҳалли масъалаҳои он шурӯъ кардааст ва дар ин кор ба дараҷае пеш рафтааст, ки ба муаллимаш чандин шакли душвореро аз ин китоб нишон додааст ва фаҳмонидааст. Пас аз ба Гурганҷ (ҳоло Урганҷ) рафтани Абуабдуллоҳи Нотлик Сино ба омӯхтани китобҳои «Фусус-ул-ҳикам»-и Абунасри Форобӣ ва шарҳҳои табииёту илоҳиёти Афлотун ва Арасту машғул шудааст. Сипас Сино ба илми тиб рағбат кардааст ва ба хондани китобҳои тиббӣ рӯ овардааст ва дар андак муддат дар он ба дараҷае забардаст шудааст, ки донишмандони тиб илми тибро назди ӯ ба хондан оғоз кардаанд ва паростории беморонро низ ба уҳда гирифтааст. Дар ин ҳангом Сино ҳамагӣ шонздаҳсола будааст. Дар ҷавонӣ дар омӯзиши илмҳои гуногун ба ин пажоҳи ба- ланд расиданашро Ибни Сино дар «Рисолаи саргузашт» равшан баён намудааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин муддат шабе пурра нахуф- тааст ва рӯзона низ ба ҷуз омӯхтани илм ба кори дигаре машғул намешудааст. Ҳар гоҳ хоб бар вай ғалаба мекардааст ва ё сустӣ ҳис менамудааст, каме дам мегирифтааст, то неруяш барқарор гардад ва боз ба хондан машғул мешудааст. Боре Ибни Сино китоби Арасту «Мо баъд-ут-табиа» («Он чи баъди табиат аст»)-ро чиҳил бор такророн хондааст ва онро аз- бар кардааст, валекин китоб ва мақсади муаллифи онро дуруст 129
нафаҳмидааст ва навмед шудааст, ки ин «китобро ба ҳеҷ ҷуз фаҳмида намешавад». Рӯзе аз рӯзҳо ҳангоми аср дар миёни онҳо ҳозир будааст, ки китобхоро саҳифабандӣ мекарданд ва даллол дар ласт як ҷилд китобе нидо медод. Даллол онро ба Сино ка- мудааст ва ӯ онро ба сахтӣ рад кардааст, зеро бовар доштааст, ки дар ин илм суде нест. Даллол такрор ба ӯ ҳаридонашро ис- рор намудааст ва гуфтааст, ки: «Инро аз ман бихар! Ба ту арзон мефурӯшам, ба се дирҳам. Соҳибаш ба баҳои он муҳтоҷ аст». Ибни Сино онро ҳаридааст ва он китоби Абунасри Форобӣ «Фу- ағрози (дар баёни) китоби «Мо баъд-ут-табиа» будааст. Сино ба хона баргашта, онро босуръат хондааст ва дарҳол ғаразҳои он ки- тоб барояш кушода шудааст. Аз он шод шуда, рӯзи дигар барои сипосгузорӣ аз Худоӣ ба бечорагон чиз бисиёре садақа кардааст. Ҳамин заҳмати шабонрӯзӣ ва пайгирӣ ва ҷустуҷӯи ҳамешагӣ дар роҳи илму дониш буд, ки барои Сино дар ҷавонӣ ҳама чиз ошкор гардид. Ба дараҷае, ки ҳар китоб ё навиштаҷоте, ки ба он менигаристааст, муқаддимаҳои қиёсаш (муҳокимарониҳои мантиқӣ, силлогизмҳояш) барояш маълум мешудааст ва онҳоро дар зинни чизҳои ошкор ба тартиб медаровардааст. Баъд дар онҳо назар менамудааст, ки шояд натиҷа диҳанд ва ба шартҳои муқаддимаҳои он риоя мекардааст, то ки ҳақиқати он масъала ӯро ошкор мегардидааст. Сино навиштааст, ки «дере нагузашта, ман дар ҳамаи илмҳо тавоно шудам ва ба андозаи қудрати инсонӣ аз онҳо оҳай доштам». Ҷузҷонӣ нақл кардааст, ки: «Рӯзе Шайх дар ҳуҷраи амир Ало- уддавла нишаста буд ва Абумансури Ҷаббон, луғатшинос ва за- бондони ҳам ҳузур дошт. Дар забон масъалае пеш омад, ки Шайх ҳар чӣ ёдаш омад, дар ин бора гуфт. Абумансури Ҷаббон ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Дарвокеъ, ту файласуф ва ҳаким ҳастӣ, вале дар за- бон ту чизе нахондаӣ, ки боиси қабули каломи ту бошад». Шайх аз ин сухан ба қаҳр омада, ба омӯхтани китобҳои луғат машғул шуд ва дар забон бар пояе расид, ки мисли он кам иттифоқ меафтад. Ӯ се қасида иншо карда, дар зинни онҳо лафзҳои дар луғат камёфтро ба кор бурд ва се китоб навишт: яке ба равиши Ибни Амид, дигаре ба равиши Соҳиб ва севум ба равиши Собӣ. 130
фармуд, ки онҳоро дар муковаҳои куҳна қадимнамо ҷилд кунанд. Ва амир маслиҳат дод, ки ин ҷилдҳоро ба Абумансури Ҷаббон бина- мояд ва бигӯяд, ки онҳоро ҳангоми шикор аз саҳро ёфтем. Ту онҳоро бибинӣ ба мо бигӯ, ки дар онҳо чист? Абумансур пай мебарад, ки ри- сола аз таснифоти Шайх аст ва ҷавоб ба он ҳамлаест, ки он рӯз бар зидди вай карда буд. Пас, пушаймон шуд ва бахшиш пурсид. Ибни Сино дар луғат китобе навишта, онро «Лисон-ул-араб» ном ниҳод, ки мисли он дар ин фан тасниф нашудааст. Таъкиди донишманд дар бораи он ки ҳар ҷӣ дар ҳангоми ҷавонӣ омӯхтааст, «ҳамон аст, ки ҳанӯз медонам ва то имрӯз бар он чизе наафзудааст», бисёр муҳим мебошад ва ба мо сабақ медиҳад, ки илму донише, ки дар ҷавонӣ омӯхта мешавад, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Ибни Синои ҷавон аз бисёр хондан дар миёни пизишкони дарбори Нуҳ ибни Мансур машҳур будааст, бинобар ин вақте ки подшоҳи Бухороро беморӣ пеш меояд ва онҳо дар илоҷи он оҷиз мемонанд, ӯро ба дарбор даъват мекунанд. Сино дар муолиҷаи амири Сомонӣ ба пизишкон ҳамкорӣ менамояд ва ба ҳамин во- сита ба хидмати вай номзад мешавад. Рӯзе аз амир иҷозат пур- сида, ба китобхонааш роҳ меёбад ва ба омӯхтани китобҳои тиб мепардозад. Мувофиқи гуфтаҳои Ибни Сино, китобхонаи амир хонаҳои бисёре дошта, дар ҳар хонае сандуқҳои китоб болои ҳам чида шуда буданд. Дар як хона китобҳои илмҳои арабӣ ва шеър (улуми адиби), дар дигараш китобҳои фиқҳ ва ҳамин тавр, дар ҳар хонае китобҳои як илме ҷой дошт. Китобхонаи амир феҳристи китобҳои пешниҳёро низ доштааст ва Сино аз рӯйи он он чиро, ки ба он ниёз доштааст, ёфтааст. Ӯ таъкид намудааст, ки дар он ҷо китобҳоеро дидааст, ки бисёр касон ҳатто номашонро нашуни- даанд. «Ман, – мегӯяд Сино, – онҳоро на пеш аз ин ва на баъди ин надидаам. Он китобҳоро хонда судҳо бурдам ва андозаи дониши ҳар мардро шинохтам». Ҷузҷонӣ шаҳодат медиҳад, ки: «Боре надидам, ки агар кито- би наве ба дасташ афтад, онро аз як сар мутолиа кунад, балки чойҳои душвору масъалаҳои мушикли онро кофта медид, ки му- аллифи он дар ин бора чӣ гуфтааст ва бо ҳамин мартабаи ӯро дар илму дараҷаашро дар фаҳм маълум мекард». 131
На фотографиях представлены страницы учебника с биографическим текстом об Абуали ибни Сино. В тексте нет конкретного задания (вопроса или упражнения). Уточните, пожалуйста, что именно нужно сделать: перевести текст, пересказать, ответить на вопросы после текста или что-то другое?